Октябр 07, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Хушбинӣ ба ифтитоҳи дубораи гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Ӯзбакистон

Бо барчида шудани деворе, ки Ӯзбакистон барои бастани роҳи иртиботӣ миёни вилояти Самарқанду водии Зарафшони Тоҷикистон дар соли 2010 сохта буд, умедҳо ба азсаргирии рафтуомад миёни ин ду кишвари ҳамсоя афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”,бо тахриби ин девор ва итмоми сохти посгоҳи ҷадиди гумрукӣ, сокинони водии Зарафшони Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ӯзбакистон метавонанд барои хариду фурӯши маҳсулот бидуни доштани раводид то фосилаи мушаххасе вориди қаламрави ҳамдигар шаванд.

Дар пайи иқдоми давлати Ӯзбакистон барои сохти девор ва қатъи иртиботи манотиқи марзии худ бо водии Зарафшони Тоҷикистон дар соли 2010, сокинони Тоҷикистон маҷбур буданд ба ҷойи паймудани масири 60 километрии Панҷакент то маркази шаҳри Самарқанд дар Ӯзбакистон, масири тӯлонии 600 километриро барои дидани ақвоми худ дар вилояти Самарқанд тай кунанд.

Бо афзоиши хушбиниҳо барои азсаргирии рафтуомад миёни вилояти Самарқанду водии Зарафшон, ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон низ эълом кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни доштани раводид аз фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд тайи 24 соат ба кишварҳои дигар сафар кунанд.

Ба эътиқоди коршиносон, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон дар соли 2016, равобити ин кишвар бо Тоҷикистон дар ҳоли беҳбудӣ аст ва ба зудӣ сабукиву осониҳое дар рафтуомади сокинони ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави якдигар дода хоҳад шуд.

 

Барчасп