Октябр 07, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Арабистон бо шоҳзодагони Саудӣ

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо ду шоҳзодаи сармоядори араб дидору мулоқот кардааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Заробиддин Қосимӣ, сафири ин кишвар дар Арабистони Саудӣ бо ду шоҳзодаи сармоядори араб, ки раҳбарии ширкатҳои бузурги саудиро бар ӯҳда доранд, мулоқотҳои ҷудогона анҷом додааст.

Дар дидори Заробиддин Қосимӣ бо шоҳзода Валид ибни Таллол бин Абдулазиз оли Сауд, раҳбари ширкати ҳолдингии “Ал-Мамлака” дар шаҳри Риёз, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва истифода аз зарфиятҳои фаровони Тоҷикистон дар ин замина, омӯзиши тарҳҳои сармоягузорӣ ва роҳкорҳои таҳаққуқи онҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ёдовар шудааст, шоҳзода Валид бо 21 миллард доллар сармоя ва доираи густардаи фаъолиятҳои тиҷорӣ яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон ба шумор меояд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар шаҳри Ҷадда бо шоҳзода Сауд бин Абдулазиз ал-Файсал, раҳбари ширкати ҳолдингии “Аш-Шариф” мавзӯи сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Дар ин дидорҳо қарор шуд барои шурӯи ҳамкориҳову баррасии бештари мавзӯҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн, нишастҳое бо ҳузури масъулону коршиносони Тоҷикистону Арабистон дар ояндаи наздик баргузор шавад.

Дар ду соли гузашта равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ хеле наздику самимона шудааст.

 

Барчасп