Намоиши филмҳои “Суғд синамо” дар кинотеатри “Ватан”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24205-Намоиши_филмҳои_Суғд_синамо_дар_кинотеатри_Ватан
Филмҳои студияи тозатаъсиси “Суғд синамо” аз шашум то шонздаҳуми октябр дар кинотеатри “Ватан” -и шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 07, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
  • Намоиши филмҳои “Суғд синамо” дар кинотеатри “Ватан”

Филмҳои студияи тозатаъсиси “Суғд синамо” аз шашум то шонздаҳуми октябр дар кинотеатри “Ватан” -и шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, тайи даҳ рӯз, ҳар рӯз дар соати 14 филми “12 соли интизорӣ” ва дар соати 17 филми “Тангно” (охирин филми таҳияшудаи студияи “Суғд синамо”) дар синамои “Ватан” намоиш дода мешавад.

Ба ҳамин муносибат равшанфикрони тоҷик аз мардум даъват кардаанд бо тамошои филмҳои “Суғд синамо”, дар рушди синамои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Муассисаи давлатии “Суғд синамо” бо талоши Комил Ёрматов ва теъдоде аз ҷавонони алоқаманд ва низ бо мусоидати масъулони вилояти Суғд дар соли 2015 эҷод шуд.

Ин студия тайи ин ду сол то кунун филмҳои “Паймон”, “Коса”, “Духтари Сайҳун” , “12 соли интизорӣ” ва "Тангно"-ро таҳия ва равонаи бозори намоиш кардааст.