Эъломи коҳиши нархи билети ширкати ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” барои мусофирони тоҷик
(last modified Sat, 07 Oct 2017 15:58:19 GMT )
Октябр 07, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Эъломи коҳиши нархи билети ширкати ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” барои мусофирони тоҷик

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълом кард, барои ҷалби бештари мусофирон дар масири Душанбе -Тошканд ,арзиши билетро то 200 сомонӣ (20 доллар) коҳиш додааст.

Ба навиштаи расонаҳои тоҷикӣ, Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон бо истиқбол аз ин мавзӯъ гуфт, мардуми оддӣ низ бояд битавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд.

Намояндагии ин ширкат эълом кардааст, ҳамакнун нархи билет ба 1034 сомонӣ коҳиш ёфтааст, то мусофирони бештаре ҷазб шаванд.

Бар асоси нархи ҷадиди ин ширкати ҳавопаймоӣ, нархи билети парвози рафту баргашт низ 1917 сомонӣ таъйин шудааст.

Як масъули намояндагии ин ширкат рӯзи 7 октябр гуфт, тасмими арзон кардани нархи билети ин ширкат дар як моҳи ахир гирифта шудааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ҳар ҳафта теъдоди 50 то 60 мусофир аз Душанбе ба Тошканд дар рӯзҳои сешанбе тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат мунтақил мешаванд.

Парвоз дар масири Душанбе ба Тошканд ва билъакс, моҳи апрели имсол имконпазир шуд, ки дар ибтидо арзиши билет 1234 сомонӣ буд.

Гуфтанист, барои он даста аз мусофироне, ки аз фурудгоҳи Тошканд ба унвони транзит истифода мекунанд ва ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд, визои Узбакистон зарурат надорад ва то 24 соат ҳаққ доранд, ки дар фурудгоҳи Тошканд иқомат дошта бошанд.