Зани тоҷик пас аз озодӣ аз Арабистон: Умед ба зинда монда надоштам
Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кулоби Тоҷикистон, ки чандрӯз қабл аз бардагӣ аз хонаи як шаҳрванди Арабистон наҷот ёфтааст, дар нахустин паёми видеоии хеш гуфтааст, ки бовар надошт, ки дигар дунёи равшанро хоҳад дид.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, Нурбибӣ Мансурова таъкид кардааст, ки тайи 14 моҳи ҳузураш дар хонаи як шаҳрванди Арабистон ба унвони барда кор мекард ва ҳамвора мавриди шиканҷа қарор мегирифт.
Нурбибӣ Мансурова, ки як соли ду моҳ дар хонаи як сокини маҳаллӣ дар шимоли Арабистони Саудӣ хидматгорӣ мекард ва дар як шароити хеле бад қарор дошт, рӯзи 4 октябр бо кумаки намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Саудӣ аз асорат халос шуд. Ӯ ҳоло дар шаҳри Риёз, пойтахти Саудӣ қарор дорад ва ба зудӣ ба Тоҷикистон баргардонда мешавад. Ӯро дар хона 15 фарзандаш бесаброна мунтазиранд.
Гуфта мешавад, ки 38 зани тоҷик тавассути ширкати “Имкон 2015” барои кор ба Арабистони Саудӣ эъзом шудаанд, ки аксарани ҳолу рӯзи Нурбибӣ Мансуроваро доранд.
Бо афзоиши ин шикоёт, ахиран Додситони кулли Тоҷикистон эълом карда, ки барои масъулони ширкатҳои “Ҷамол 2012”, “Имкон 2015” ва “Абдулкарим” ба иттиҳоми интиқоли шаҳрвандони тоҷикистонӣ барои кор ба Арабистони Саудӣ ва маҷбӯр кардани онон ба корҳои хориҷ аз қарордод ва низ аъмоли хушунат аз сӯи корфармоёни саудӣ, парванда бозшудааст. Парвандаи қазоӣ алайҳи кормандони ин ширкатҳо ба иттиҳоми хариду фурӯши инсон дар ҳоли пайгирӣ аст.