Октябр 09, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Тошканд

Комроншоҳи Устопириён паҳлавони номдори тоҷик дар мусобиқоти Гран-прии Тошканд оид ба ҷудо, ки ахиран дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд, медали тиллои ин рақобатҳоро касб кард.

Ба гузориши сойти Федератсияи байналмилалии Ҷудо, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 килограмми ин рақобатҳо, ки бо ҳузури 12 ҷудокор баргузор шуд, дар ниманиҳоӣ ва рақобати ниҳоӣ бо пирӯзӣ бар ҳарифоне аз Узбакистон ва Туркманистон, медали тиллои ин мусобиқотро бар гардан овехт.

Дар ин мусобиқот ҳашт варзишкори тоҷик дар риштаи ҷудо ширкат карданд, ки ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён ҳеҷ як аз онон муваффақ ба касби мақом нашуданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин рақобатҳо 180 варзишкори мард ва зан аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Соли гузашта дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузург дар риштаи ҷудо, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор шуд, ҷудокорони тоҷикистонӣ муввафақ ба касби медал нашуда буданд.