Баррасии мавзуи тавҳини мақоми ноҳияи Рӯдакӣ ба намозгузорон
Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, қазияи Шокирҷон Холдоров, масъули ҷамоати Чоряккорон, ки видеои мардумро дар масҷид таҳқир карданаш нашр шуд, мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба иттилои Ахбор, Фирӯза Камолова, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, мақомоти ноҳия қазияи Шокирҷон Холдоров, масъули бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккоронро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор додаанд ва бояд нисбаташ чора андешида шавад.
Ин мансабдор барои шарҳи рафтораш дар масҷиди маҳаллаи нави деҳаи Мирзочӯл ба ҳукумати ноҳия даъват шудааст.
Шокирҷон Холдоров дар баёноташ ба мақомоти ноҳия маст буданаш дар рӯзи он ҳодисаро инкор кардааст, вале гуфтааст, азбаски ин масҷид иҷозати фаъолият надошт ва ғайриқонунӣ амал мекарду огоҳиҳои мақомотро нодида мегирифт, он рӯз худро идора карда натавонист.
Дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфтанд, чи ҷазо додан ба ин кормандро бояд мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ҳал кунанд.
Чанд рӯз пеш Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба масҷиди маҳаллаи наве, ки байни деҳаҳои Меҳробод (собиқ Учқул) ва Мирзочӯли ҷамоати Чоряккорон, воқеъ дар канори километри 6-уми шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода даромада, намозгузоронро зери борони дашному ҳақорат гирифт.