Октябр 12, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Санҷиши илмии фарзандони муҳоҷирони тоҷик нахустин бор дар Русия

Нахустин бор дар Маскав барои фарзандони муҳоҷирони тоҷик олимпиадаи мактабӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, Карамшоҳ Муҳаммаднасимов, яке аз кормандони созмони “Нур”, ки баргузоркунандаи ин олимпиада аст гуфт, дар ин олимпиада донишомӯзон аз синфҳои панҷум то ёздаҳум дониши худро дар дарсҳои риёзӣ, физика, химия ва ҷабру ҳандаса месанҷанд.

Ба гуфтаи вай, даври аввали олимпиада аз дарси риёзӣ ва рӯзи 15-уми октябр баргузор мешавад.

Ин олимпиада ҳудуди як моҳ (аз 15-уми октябр то 5 –уми ноябр) идома меёбад.

Карамшоҳ Муҳаммаднасимов афзуд, то имрӯз беш аз 112 донишомӯз дархости ширкат дар ин олимпиадаро додаанд, ки бештари ин дархостҳо марбут ба донишомӯзони синфи 5, 6 ва 7 ҳастанд.

 Ҳарчанд имсол олимпиада танҳо барои донишомӯзони синфҳои 5 то 11 баргузор мешавад, вале созмон дар назар дорад дар оянда онро барои донишомӯзони дигар синфҳо ҳам баргузор кунад.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин олимпиада санҷиши донишу шиносоии гароиши кӯдакон ба мабоҳиси дарсӣ аст.

 

Барчасп