Октябр 13, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури нозирони тоҷикистонӣ дар интихоботи Қирғизистон

Як ҳайати нозирон аз Тоҷикистон ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар 15-уми октябр назорат хоҳад кард.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ин хабарро эълом кард.

Қодиршоҳи Мурувват, аз ҷумлаи нозирони тоҷик дар интихоботи Қирғизистон гуфтааст, ки аксари номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя, бавижа Тоҷикистон назари мусбат доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ҳанӯз 400 километри он аломатгузорӣ ва дар ин маврид ихтилофҳо ҳам рафъ нашудааст. Манотиқи марзии ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ тайи беш аз 25 соли истиқлоли ин ду кишвар аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ борҳо шоҳиди муноқишаҳои лафзӣ ва мусаллаҳона буда, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ғайринизомию марзбонони ду кишвар анҷомидааст.