Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар: Шоҳнаими Каримро барнагардонед
(last modified Sat, 14 Oct 2017 05:58:18 GMT )
Октябр 14, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар: Шоҳнаими Каримро барнагардонед

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз давлати Юнон дархост кардааст, ки аз истирдоди Шоҳнаими Карим, узви раёсати олии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба кишвараш худдорӣ кунад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст, ки дар сурати истирдоди Шоҳнаими Карим ба Душанбе, вай мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин узви раёсати олии Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон авоили октябри имсол, ҳангоми бозгашт аз ҷаласаи солонаи Ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар Варшава (пойтахти Лаҳистон) баргузор мешуд, дар фурӯдгоҳи Афина боздошт шуд.

Полиси Юнон иллати боздошти Шоҳнаими Каримро қарор доштани номи вай дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилалӣ (Интерпол) ба дархости давлати Тоҷикистон ном бурдааст.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки давлати Юнон бар асоси тааҳҳудоти байналмилалии худ бояд аз истирдоди мухолифони сиёсии кишварҳое, ки эҳтимоли шиканҷа шудани онон вуҷуд дорад, худдорӣ кунад.

Пас аз мамнуияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва боздошту зиндонӣ кардани теъдоди зиёде аз масъулону аъзои ин ҳизб дар сентябри соли 2015 ба баҳонаи иртиботи онон бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон, садҳо тан аз аъзову тарафдорони ин ҳизб Тоҷикистонро тарк карданд ва бархе аз онҳо ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд.