Маҳкумияти як раиси додгоҳ ба ҳабс дар вилояти Хатлон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24531-Маҳкумияти_як_раиси_додгоҳ_ба_ҳабс_дар_вилояти_Хатлон
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Тоҷиддини Қурбониён, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлонро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 14, 2017 12:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як раиси додгоҳ ба ҳабс дар вилояти Хатлон

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Тоҷиддини Қурбониён, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлонро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, вай ба баҳонаи кумак ба ҳалли як ихтилофи хонаводагӣ дар ноҳияи Панҷ ду ҳазор сомонӣ ришва гирифтааст.

Гуфта мешавад, кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Қурбониёнро ба ҳамроҳи як корманди додситонии ноҳияи Панҷ дар ҳангоми дарёфти ин маблағ боздошт кардаанд.

Ҳамчунин, замоне ки Қурбониён барои бозҷӯӣ ба шаҳри Душанбе мунтақил шуд, се нафар бо вуруд ба манзили маскунии вай дар ноҳияи Панҷ, амволи раиси боздоштшудаи додгоҳро ғорат ва хонаи ӯро ба оташ кашиданд, ки полис ононро дастгир кардааст.

Тайи моҳҳои гузашта теъдоде аз раисони додгоҳҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва, иқдомоти хилофи муқаррарот ва сӯиистифода аз симмати худ, бо фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар барканор шудаанд.

Аз миёни ин афрод метавон ба барканории Ғайбуллоҳ Мирзозода, раиси Додгоҳи ноҳияи Нуробод, Хуршед Сангинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Искандар Сайидзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ишора кард, ки ба иттиҳоми дарёфти ришваву сӯиистифода аз симмати худ барканор ва ба зиндон маҳкум шудаанд.