Октябр 14, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Такид бар густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Вазирони дифои Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанб бар густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар таъкид карданд.

Фаридун Муҳаммадализода-сухангӯии вазорати дифои Тоҷикистон гуфт: Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон ва Абдусалом Азизов, ҳамтои узбаки вай дар ин нишаст дӯрнамои таомулоти низомӣ ва фаннӣ байни ду кишварро баррасӣ ва бар густариши равобити Душанбе ва Тошканд таъкид карданд.

Вай афзуд: Дар ин дидор вазирони дифои Тоҷикистон ва Узбакистон бо ишора ба вазъияти печида дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати таомулот ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо таъкид ва муборизаи муштарак бо терроризмро хостор шуданд.

  Муҳаммадализода афзуд, мақомҳои низомии ду кишвар ҳамчунин чигунагии баргузории машқҳои муштараки низомӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Вай дар хусуси таҳдидҳои эҳтимолӣ аз тарафи Афғонистон гуфт : Барои касе пинҳон нест, ки таҳдиди терроризми байналамиллалӣ вуҷуд дорад ва барои мубориза бо он бояд омода буд.

 Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон афзуд: Ин масъала ба таври бардавом дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин дар чорчуби ИДМ баррасӣ мешавад.

 

Барчасп