Интишори  нуҳумин шумораи «Садои Шарқ»-и Тоҷикистон
(last modified Sun, 15 Oct 2017 10:48:41 GMT )
Октябр 15, 2017 15:48 Asia/Dushanbe
  • Интишори  нуҳумин шумораи «Садои Шарқ»-и Тоҷикистон

Нуҳумин шумора аз маҷаллаи «Садои Шарқ» нашрияи миллӣ, адабии Анҷумани нависандагон Тоҷикистон дар соли 2017 бо матолиби гунонгун дар 160 сафҳа мунташир шуд.

Ҳасани Қарибӣ сардабири маҷалла ва раиси Пажӯҳишгоҳи форсии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: Дар ин нашрия бахшҳое ҳамчун чакома истиқлол, ҷашнвора, мероси мактаби адабӣ, баҳсу андеша ва фарҳанг ба чашм мехӯрад.

Вай идома дод: Дар бахши чакомаи истиқлол, мақолоте ба қалами Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Давлат Сафар ва Нуриддин Амариддин таҳрир шудааст.

Ба гуфтаи вай бахши ҳикоёт ва ашъор низ ба қалами Саттор Турсун, Файз Ашур ва Сипеҳр Ҳасанзода музайян аст.

Қарибӣ афзуд: Ҳамчунин дар ҳавзаи ҷашнвора, мақолоте аз Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, Намоз Ҳотамов, Нурмуҳҳамад Табаров ва Бахтиёр Муртазо ба чоп расидааст.

Ин маҷалла дар бахши мактаби адабӣ, ба мактаби Константин Паустовский таҳти унвони Садбарги заррин, бо тарҷумаи Бахтиёри Муртазо мепардозад.

Дар бахши баҳсу андеша, Озари Салим, шоире бо ашъор ва рӯзгоре мармуз, мавриди нақду баррасӣ қарор мегирад.

 

Барчасп