Кашфи анбори колоҳои қочоқ дар шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 18 Oct 2017 06:49:42 GMT )
Октябр 18, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • Кашфи анбори колоҳои қочоқ дар шаҳри Душанбе

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз кашфи як анбор колои қочоқи мутааллиқ ба ширкати мавсум ба “Файзимоҳ” дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба гузориши сайти Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон, арзиши ин колоҳо, ки шомили лавозими манзил, либос ва таҷҳизоти савтӣ ва тасвирӣ аст, як миллиону 633 ҳазор сомонӣ (муодили 185 ҳазор доллар) эълом шудааст.

Дар ин иртибот мудири ширкати “Файзимоҳ”, ки фарди 40 сола ва сокини шаҳри Душанбе аст, ба ҳамроҳи чанд нафар аз шариконаш боздошт шуда ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон мегӯянд, фарди боздоштшуда бо истифода аз чанд дастгоҳ комюн аз гузаргоҳи марзии вилояти Бадахшон коло ва маҳсулоти мухталифро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва ба таври пинҳонӣ аз Чин вориди Тоҷикистон мекардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз боздошти раиси ширкати “Сармад – 2000” ба иттиҳоми қочоқи коло ба маблағи наздик ба ду миллион сомонӣ аз Чин хабар дода буд.

 Ҳамчунин ба тозагӣ кормандони Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз вуруди қочоқии 10 тон сӯхти дизелӣ (солярка) аз Қирғизистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Пештар низ бо талоши кормандони гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз қочоқи чанд тон қанд аз Узбакистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ шуда буд.