Эътирози набераҳои Ҷаббор Расулов ба иқдоми шаҳрдории Душанбе
Набераҳои марҳум Ҷаббор Расулов, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои 1961 то 1982 дар даврони Шӯравӣ ба далели интиқоли ҷасади падарбузургашон (бобояшон) бидуни иттилои онон аз Боғи Айнӣ ба гӯристони Лучоб, дар атрофи шаҳри Душанбе, аз шаҳрдории пойтахти ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Ба гузориши “Азия плюс”, дар пайи интиқоли пинҳонии ҷасади Ҷаббор Расулов аз Боғи Айнӣ, дар шимоли пойтахти Тоҷикистон ба гӯристони Лучоб бидуни ҳамоҳангӣ ва иттилои бастагони вай, ин афрод тасмим гирифтаанд, ки алайҳи шаҳрдории Душанбе ба догоҳ шикоят кунанд.
Хонум Ирина Тихонова, набераи Расулов, ки дар Маскав ба сар мебарад, дар сафҳаи хеш дар Фейсбук ин иқдомро ваҳшиёна хондаву гуфтааст, ки агар шаҳрдории Душанбе ба онон мавзӯи интиқоли ҷасади бобояшонро иттилоъ медоданд, бақоёи уро ба Маскав мунтақил мекарданд ва дар ин шаҳр ба хок месупурданд.
Темур, яке дигар аз набераҳои Ҷаббор Расулов бо маҳкум кардани ин иқдом гуфтааст, ки ҳеҷ вақт фикр намекард бо ҷасади фарде, ки дар даврони Шӯравӣ барои пешрафти Тоҷикистон заҳамоти фаровон ба харҷ додааст, ин тавр беэҳтиромӣ кунанд.
Набераҳои Ҷаббор Расулов таъкид кардаанд, ки барои интиқоли бақоёи ҷасади бобояшон ба Маскав талош хоҳанд кард.
Ахиран аҷсоди теъдоде аз шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Муқаддам Ашрафӣ аз Боғи Айнӣ, дар шимоли пойтахти Тоҷикистон ба гӯристони Лучоб мунтақил шудааст, ки бастагони ин афрод мегӯянд, ин иқдом бидуни ҳамоҳангӣ ва иттилои онон анҷом шудааст.
Хабаргузории “Азия плюс” таъкид кардааст, ки талошҳои хабарнигоронаш дар мавриди тавзеҳи масъулон барои ин иқдом ба ҷое нарасидааст ва Толиб Раҳимзода, муовини умронии шаҳрдории Душанбе, Амруллоҳ Боқиев, мудири Боғи Айнӣ ва мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз гуфтугӯ худдорӣ кардаанд.