Октябр 19, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон дар Хуҷанд

Кормандони полиси шаҳри Хуҷанд бо вуруд ба хонаҳои бонувони дорои ҳиҷоби исломӣ дар маркази вилояти Суғд, аз онон хостаанд, ки аз пӯшиши исломӣ худдорӣ кунанд ва ба баргаи тааҳҳуди катбӣ низ имзо бигузоранд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ахиран дар шаҳри Хуҷанд кормандони полис бо вуруд ба хонаҳои занони дорои ҳиҷоби исломӣ, аз ин афрод дархост кардаанд, ки бо имзои баргаи тааҳҳуд аз пӯшиши исломии хеш, ки ба иддаои мақомот либоси бегона бо фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб меояд, даст бикашанд.

Бар асоси ин гузориш, хонуме аз маҳаллаи 20-и шаҳри Хуҷанд ба ин дархости ду корманди полис посухи рад додаву таъкид кардааст, ки бар хилофи фармудаи Худованд амал нахоҳад кард ва ҳеч тааҳҳуде низ нахоҳад дод.

Се ҳафта қабл низ моҷарои ба идораи полиси шаҳри Хуҷанд мунтақил кардани Наргис Қурбонова ба сабаби худдории ӯ аз иҷрои дастури кормандони интизомӣ барои бардоштани ҳиҷоби исломиаш расонаӣ шуд, аммо пас аз шикояти ин зан ба Вазорати дохилаи Тоҷикистон, мақомҳои полиси вилоят дигар мавзӯро дунбол накарданд.

Имрӯзҳо аз гӯшаву канори Тоҷикистон шикоёти зиёде аз бархурди хашини нерӯҳои интизомӣ бо бонувони дорои пӯшиши исломӣ мунташир мешавад.

Бо ин ҳол, мақомоти ҳукуматӣ мегӯянд, онон танҳо ба таблиғи либоси миллӣ миёни бонувон мепардозанд ва онҳоро ташвиқ мекунанд аз пӯшидани “либоси бегона бо фарҳанги миллии тоҷикон” худдорӣ намоянд.

Пӯшиши мавриди назари мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон рӯсарии даврони Шӯравӣ аст, ки сару гардани бонувонро намепӯшонад ва бо сатри исломӣ муғойират дорад.