Мамнуияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон бо гузарномаҳои қаблӣ ба бархе кишварҳо
(last modified Sat, 21 Oct 2017 05:07:47 GMT )
Октябр 21, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон бо гузарномаҳои қаблӣ ба бархе кишварҳо

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, вуруди шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо гузарномаҳои қаблии тамдидшуда то соли 2020 ба бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия мамнуъ аст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин вазоратхона аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои сафар ба Русия ва Украина аз гузарномаҳои нави биометрӣ истифода кунанд, зеро дар ғайри ин сурат марзбонони ин кишварҳо ононро ихроҷ хоҳанд кард.

Ба дафтарҳои фурӯши билети ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар Тоҷикистон низ дастур дода шудааст, ки аз фурӯши билет ба шаҳрвандон бо гузарномаҳои хориҷии қаблӣ худдорӣ кунанд.

Бо ин ҳол он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гузарномаҳои қаблии хориҷии дорои эътибор ва бидуни тамдид сафар мекунанд, мушкиле надоранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ эълом кардааст, ки гузарномаҳои хориҷии қаблии шаҳрвандони ин кишвар то аввали июли имсол тамдид шуда буд, ки дигар эътибор нахоҳад дошт.

Тоҷикистон дар соли 1998 гузарномаҳои нави хориҷӣ бо ранги обӣ (кабуд) ба шаҳрвандон эъто кард, ки 5 сол эътибор дошт.

Аз соли 2010 дар ин кишвар эътои гузарномаҳои ҷадиди хориҷӣ бо эътибори 10 сола оғоз шуд, ки биометрӣ аст ва тамоми мушаххасоти фардии дорандаи ин мадрак дар он сабт шудааст.