Истифода аз полис барои ҷазби иҷборӣ ба артиш
(last modified Sun, 22 Oct 2017 07:24:25 GMT )
Октябр 22, 2017 12:24 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз полис барои ҷазби иҷборӣ ба артиш

Созмони иҷтимоии дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон эълом кард, аз неруи полис барои ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ, дар ин кишвар истифода мешавад.

Ба гузориши сайти Top.tj ин созмон ёдовар шудааст, бо вуҷуди таъкиди мақомоти ҳукуматӣ бар манъи ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ дар Тоҷикистон, ахиран яке аз вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдони дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон худ ин навъ бархурдро таҷриба кардааст.

Дилшод Ҷураев гуфтааст, ахиран дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гурӯҳи гашти полис ба фармондеҳии як лейтинант аз вай дар бораи сину солаш савол карда буд, ки ӯ низ барои озмудани онон худро 27-сола муаррифӣ мекунад, дар ҳоле, ки 36 сол син доштааст.

Кормандони полис низ вайро ба дафтари хадамоти ҳарбӣ, интиқол ва таҳвил ин идора медиҳанд.

Мудири ин дафтар вақте мутаваҷҷеҳ мешавад Дилшод Ҷураев 36 сол дорад, аз вай маъзаратхоҳӣ ва дархост мекунад ин моҷароро ошкор накунад, зеро дар Тоҷикистон сини афроди дорои шароити хидмати низомӣ аз 18 то 27 сол аст.

Ба гуфтаи масъулони Созмони иҷтимоии дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ибтидои тирамоҳ ва оғози эъзоми сарбозон ба хидмати низомӣ дар ин кишвар, 12 маврид шикоят аз волидайни ҷавононе, ки маҷбуран ҷазби неруҳои мусаллаҳ шудаанд, дарёфт шудааст.

Коршиносон яке аз сабабҳои аслии гурези ҷавонон аз хидмати низомӣ дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои корро вуҷуди мавридҳои зиёди лату куби сарбозони тозаворид аз сӯи ҳамқаторонашон медонанд. Мушкиле ки дар солҳои охир бо даҳҳо маврид кушта ва маълул шудани ин сарбозон ҳамроҳ будааст.