Октябр 25, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Як фаъоли иқтисодӣ: Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омода нест

Як корофарини ҷавони тоҷик муътақид аст, Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омодагӣ надорад.

Ба гузориши “Спутник”, Алиҷон Сулаймонов гуфтааст, маҳсулоти тавлидии саноатии феълӣ дар Тоҷикистон бо таҷҳизоти куҳнаву фарсуда дар бозори кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё харидор надорад.

Ба эътиқоди вай, муштариён дар бозори минтақа ба колоҳои марғуби кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯй меоваранд ва маҳсулоти саноатии Тоҷикистон наметавонад дар ин рақобати шадиди мавриди писанди  харидорон воқеъ шавад.

Ин фаъоли хусусӣ ба бахши хусусии Тоҷикистон пешниҳод додааст, дар фикри бозсозии таҷҳизоти корхонаҳои саноатии худ бошанд то битавонанд маҳсулоти рақобатпазир ва бо кайфияти боло ироа диҳанд.

Ба гуфтаи вай, ин иқдом ангезаи хубе барои тавлидкунандагони маҳсулоти саноатӣ дар ин кишвар хоҳад буд то битавонанд барои арзаи колои худ барномарезӣ кунанд.

Ин корофарини ҷавон муътақид аст, бояд бо рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар дохили ин кишвар ва иштиғолзоӣ, вобастагии иқтисодии ин ҷумҳурӣ ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия коҳиш ёбад.

Зеро бо оғози буҳрони молӣ дар Русия дар соли 2014 мизони даромади ирсолии ин афрод ба Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфтаву ин масъала бозори дохилии ин кишварро дучори ошуфтагӣ кардааст.

 

Барчасп