Октябр 26, 2017 14:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Бонки Тавсеаи Осиё бар идомаи ҳамкориҳо

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Текехико Накао, раиси Бонки Тавсеаи Осиё, ин бонкро яке аз шарикони боэътимоду стратегии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ба гузориши сайти иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор, ки имрӯз дар Қасри Миллат сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз соли 1998 то ба имрӯз ин бонк дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон наздик ба 1.6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Вай бо ибрози ризоият аз кумакҳои молии Бонки Тавсеаи Осиё дар бахши омӯзишу парвариш, обу энержӣ, ҳамлу нақл ва дигар сармоягузориҳои хурду калон дар Тоҷикистон, аз ҳамкории ин ниҳод дар рушди иқтисодии Тоҷикистон қадрдонӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ва Текехико Накао бо таъкид бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба, барномаи ҳамкориҳои минтақаии иқтисодии Осиёи Марказӣ ва роҳбурди миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар поён тарафайн ибрози итминон карданд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Тавсеаи Осиё дар барномаҳои таъйиншуда, ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар ин кишвар кумак хоҳад кард.