“Ойини ойина” –и шоири тоҷик мунташир шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24948-Ойини_ойина_и_шоири_тоҷик_мунташир_шуд
“Ойини ойина” - маҷмӯаи ҷадиди ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои тоҷик дар интишороти “Утоқи обӣ”-и Теҳрон мунташир шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 26, 2017 11:43 Asia/Dushanbe
  • “Ойини ойина” –и шоири тоҷик мунташир шуд

“Ойини ойина” - маҷмӯаи ҷадиди ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои тоҷик дар интишороти “Утоқи обӣ”-и Теҳрон мунташир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин китоб беш аз 60 ғазали ҷадиди шоири тоҷикро дар бар мегирад ва бо шуморагони ҳазор нусха ба чоп расидааст.

Шоҳини Сипанто, адиби фарҳехтаи эронӣ барои китоб пешгуфтор навишта ва дар он ба бархе вижагиҳои ашъори Фирдавси Аъзам ишора кардааст.

Фирдавси Аъзам номи китобашро аз ғазали шоири эронӣ “Қайсари Аминпур” интихоб кардааст.

Вай то кунун бо ду китоби ашъори “Абрҳои обӣ “ ва “Як бағал ғазал” дар миёни хонандагони форсизабон ба унвони шоири ғазалсаро муаррифӣ шудааст.

 Қарор аст китоби “Ойини ойина” дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад.

Фирдавс фарзанди Аъзами Хуҷаста, аз шоирони хушбаёни тоҷики мутаваллиди 1984 –и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва донишомӯхтаи Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷанд бо тахассуси забони англисӣ аст.

Ашъори ин шоири ҷавон то кунун дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудааст.