Октябр 27, 2017 21:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози шонздаҳумин Конфронси вазирони Барномаи иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Шонздаҳумин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ бо ҳузури мақомоти созмонҳои байналмилалӣ дар Кохи Наврӯз, дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар маросими ифтитоҳияи ин конфронс меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз онҳо барои иҷрои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ қадрдонӣ кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаии Осиёи Марказиро бо дар назар қарор гирифтани авлавиятҳои минтақа барои тавсеаи низоми ҳамкорӣ байни кишварҳо ва тақвияти стратегияи иқтисодии онҳо муҳим донист.

Дар ин конфронс раисони созмонҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушди Исломӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Сармоягузории Зерсохтҳо, Бонки Рушди Авруосиё, Комиссияи Аврупо, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар умури Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва коршиносоне аз кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Узбакистон, Амрико, Ҷопон ва Англия ҳузур доранд.

 

Барчасп