Октябр 30, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи раиси ширкати “Умед- 88” ба бозпардохти қарз дар сурати озодӣ

Раиси боздоштшудаи ширкати таъмини сӯхти “Умед- 88” хостори озодӣ аз боздошт ба шарти васиқа шудаву қавл додааст, ки қарзи дарёфтӣ ба маблағи 171 миллион сомониро пардохт хоҳад кард.

Ба гузориши “ТОП ТҶ”, Раҷабалӣ Одинаев тавассути хоҳараш эълом карда, ки омодааст ба шарти озодӣ аз боздошт, гузоштани васиқаи молӣ ва хориҷ нашудан аз Тоҷикистон, 171 миллион сомонии ҷамъияти саҳҳомии хос (пӯшида)-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро бозгардонад.

Хонум Саодат Одиназода, хоҳари раиси боздоштшудаи ширкати таъмини сӯхти “Умед- 88” гуфтааст, ки пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ки моликони ширкати “Умед- 88” аз буҷети давлатӣ 171 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар) вом гирифтаву солҳост, ки он маблағро бозпардохт накардаанд, 31 миллион сомонӣ аз ин манобеи молиро ба буҷети нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” ворез кардааст.

Вай муддаӣ шудааст, ки боздошти бародараш муҷиби пардохт нашудани бақияи маблағи ин вом шудаву акнун бародараш омодааст, ки дар сурати озодии машрут аз боздошт ин вомро ба таври комил баргардонад.

 Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон раиси ширкати таъмини сӯхти “Умед- 88” -ро ба ҳамроҳи муовинаш ва се мақоми масъули ин ширкат боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардонидани воми дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ- обии “Роғун” ворид кардааст.

Аммо нуктаи қобили мулоҳиза дар ин моҷаро наҳваи вом гирифтани масъулони ширкати “Умед- 88” аст, зеро дарёфти 171 миллион сомонӣ қарз бидуни пешниҳоди ҳукумат ва тасвиби маҷлис имконпазир нест.

 Акнун, ки мушаххас шудааст, воми пардохтшуда ба ширкати “Умед- 88” бидуни мусоидати Вазорати молияи Тоҷикистон ғайримумкин будаву ин муомила ба иллати надоштани муҷаввизи ҳукумату Маҷлиси намояндагон нақзи қонунҳои Тоҷикистон аст, зоҳиран ҳеч иттиҳоме мутаваҷҷеҳи ин вазорат нест.