Худоӣ Шариф - донишманди фарҳехтаи тоҷик даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25043-Худоӣ_Шариф_донишманди_фарҳехтаи_тоҷик_даргузашт
Худоӣ Шариф - донишманди фарҳехтаву муҳаққиқи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ дар синни 80 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 30, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Худоӣ Шариф - донишманди фарҳехтаи тоҷик даргузашт

Худоӣ Шариф - донишманди фарҳехтаву муҳаққиқи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ дар синни 80 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, профессор Худоӣ Шариф аз устодону донишмандони барҷастаи Тоҷикистон буд, ки дар тӯли зиндагии худ дар заминаи забону адабиёти форсӣ пажӯҳишҳои арзишманде анҷом додааст.

Ин чеҳраи бузургу номовари адабиёти форсӣ, ки дар Тоҷикистон шуҳраи ому хос буд, барои бештари пажӯҳишгарону адабиётшиносони Эрону Афғонистон ошно аст.

Худоӣ Шариф 25-уми июни соли 1937 дар рустои Ҷорфи ноҳияи Қалъаи Хумб (Дарвози кунунӣ) ба дунё омад.

Вай яке аз устодону донишмандони соҳибмактаби донишкадаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Аз соли 1994 то соли 2009 мудирияти гурӯҳи “Таърихи адабиёти тоҷик”-ро бар ӯҳда дошт ва сабк‌шиносӣ, балоғату суханварӣ, таҳлили матн, назарияи таърихи адабиёт, таърихи афкори адабӣ, таърихи насри адабӣ ва равиши таҳқиқи адабиётшиносиро тадрис мекард.

Бо мудирияти илмии Худоӣ Шариф даҳҳо китобе назири Балоғату суханварӣ, Назм‌шиносӣ, Таҳқиқу таълими арӯз, Арӯз ва омӯзиши он, Таҳлили матнҳои адабии таълимӣ, “Гулистон”-и Саъдӣ, Авзони ашъори Рӯдакӣ, Номаву номанигорӣ, Муқаддимаи шеършиносии ӯ. . ба чоп расидааст.

Худоӣ Шариф яке аз донишмандони соҳибмактаби адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик буд, ки ҳам бо парвариши шогирдони илми суханшиносӣ ва ҳам бо таълифоти худ дар илми муосири тоҷик мақому манзалати хос ёфта буд.

Таълифоти арзишманди вай аз қабили “Балоғату суханварӣ”, “Каломи бадеъ”, “Савти аҷам”, “Рози ҷаҳон”, “Шоиру шеър”, “Озурдагону умедворон”, “Назарияи наср”, “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳои вай дар хориҷ аз кишвар ба чоп расидаву натиҷаи заҳматҳои устод бо ҷавоизи муътабари илмиву фарҳангӣ қадрдонӣ шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2014 Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба устод Шариф Ҷоизаи “Саъдӣ” эҳдо кард ва дар соли 2016 низ вай барои китоби “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” муфтахар ба дарёфти Ҷоизаи фарҳангиву ҳунарии “Фирдавсӣ”-и ҷумҳурии исломӣ шуд.

Дар 30 –юми июни имсол ба муносибати ҳаштодумин зодрӯзи профессор Худоӣ Шариф ва гиромидошти мақоми илмиву адабии вай дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бо ҳузури мақомоти сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд ва як моҳ баъд вай ба поси заҳамоти пажӯҳишии худ ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон даромад.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон даргузашти устод Худоӣ Шарифро ба ҳамаи адабдӯстону алоқамандони забони форсӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва саросари ҷаҳон таслият мегӯяд.