Раҳоии шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Sat, 04 Nov 2017 06:22:11 GMT )
Ноябр 04, 2017 11:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳоии шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти интизомиву марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар иқдоме муштарак теъдоде аз шаҳрвандони ин ду кишварро, ки ба иттиҳоми нақзи муқаррароти убури марзҳо боздошт шуда буданд, озод карданд.

Ба гузориши сайти “Турмуш”, ахиран ду шаҳрванди Қирғизистон ва панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи муштараки ин ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд ба иттиҳоми нақзи муқаррароти убури марзҳо боздошт шуда буданд, озод шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи муштараки ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ин афрод бо пардохти ҷаримаи молӣ ба иллати нақзи муқаррароти убури марзҳову вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави ин ду кишвар озод шудаанд.

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст. Ихтилофи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафайн барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашудаву акнун ба маншаи ихтилофи мақомҳои Тоҷикистону Қирғизистон табдил шудааст.

Аз сӯйи дигар, бархе мақомҳои давлатӣ дар вилояти Суғд бар ин боваранд, ки Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд бо муовизаи замин дар манотиқи марзӣ, чанд рустои тоҷикнишину қирғизнишинро аз ҳолати муҳосира хориҷ кунанд ва ба ихтилофи сокинони ин рустоҳо бар сари роҳҳои иртиботӣ, манобеи обу чарогоҳҳо поён диҳанд.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт ва гандуму орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз тариқи роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.