Иддаои коршиноси рус дар бораи сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25217-Иддаои_коршиноси_рус_дар_бораи_сарҳанги_фирории_тоҷик_Гулмурод_Ҳалимов
Нависанда ва таҳлилгари рус муддаӣ шуд, сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зинда аст ва барои амалӣ кардани тарҳҳои Амрико тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон омода мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 06, 2017 06:32 Asia/Dushanbe
  • Иддаои коршиноси рус дар бораи сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов

Нависанда ва таҳлилгари рус муддаӣ шуд, сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зинда аст ва барои амалӣ кардани тарҳҳои Амрико тавассути гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон омода мешавад.

Ба гузориши сайти “Взгляд.ру”, Семён Пегов муътақид аст, хабарҳои қаблии мунташиршуда дар бораи кушта шудани сарҳанг (полковник)-и фирории тоҷик саҳеҳ нест ва акнун созмони CIA ба далели шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, тарҳҳое барои бозгардонидани ҷангҷӯёне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон дорад, ки Гулмурод Ҳалимов дар оянда нақшофаринӣ хоҳад кард.

Вай дар ин маврид ба фиристодани теъдоде аз коршиносони низомии муртабит бо созмони CIA дар авоили соли 2016 ба Душанбе ишора кард, ки назорат бар авзои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бар ӯҳдаи ин афрод гузошта шуда буд.

Аз дидгоҳи ин таҳлилгари рус ҳамзамонии ин таҳаррукот ва афзоиши фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон баёнгари тарҳҳои Амрико барои интиқоли ҷангҷӯёни боқимондаи ДИИШ аз набардҳои Сурия ва Ироқ ва ба вижа атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марзҳои муштараки ин минтақа бо Афғонистон аст.

Ин дар ҳолест, ки Курт Райс, муовини амниятии вазири умури хориҷаи Амрико дар тобистони соли 2016 аз таъйини ҷоизаи 3 миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буд. Райс дар он замон гуфта буд, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акнун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шуда аст.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.