Ифтитоҳи қароргоҳи ҷадид барои нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон
(last modified Mon, 06 Nov 2017 05:33:52 GMT )
Ноябр 06, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи қароргоҳи ҷадид барои нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон

Қароргоҳи ҷадид барои нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон дар Боғи гиёҳони шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин марказ, ки дар гӯшае аз Боғи гиёҳони шаҳри Хоруғ ифтитоҳ шудааст, барои нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон шароити матлуби омӯзишӣ, маишатӣ ва рифоҳӣ фароҳам шудааст.

Генерал Муҳаммадсаид Саидзода, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи қароргоҳи ҷадиди нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон бар зарурати ҳифзи тавони размии ин нерӯҳо ба манзури муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар наздикии марз бо Афғонистон таъкид кард.

Вай бо муҳим хондани нақши нерӯи вижаи полиси вилояти Бадахшон дар ҳифзи назму оромиш дар ҷомеа, муроқибат аз таҳаррукоти авомили ноамниро, ки ба далели воқеъ шудани ин вилоят дар наздикии марз бо Афғонистон талош мекунанд, фаъолиятҳои худро афзоиш диҳанд, хостор шуд.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон танҳо аз тариқи рӯдхонаи Ғунд аз Афғонистон ҷудо мешавад, ки яке аз масирҳои умдаи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили ин кишвар ва Қирғизистон ба ҳисоб меояд.