Истиқболи мақомоти тоҷик аз вазири хориҷаи Эрон дар Душанбе
Доктор Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки сооте қабл ба ҳамроҳи ҳайате баландпоя вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуда буд, мавриди истиқболи Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт.
Вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ кунад.
Аз дигар барномаҳои Муҳаммадҷаводи Зариф дар сафар ба Душанбе, ифтитоҳи бинои ҷадиди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аст.
Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистон аз Шӯравии собиқро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар Душанбе боз кард.
Ин кишвар ҳамчунин нақши чашмгире дар сулҳи тоҷикон ва эҳёи иқтисоди Тоҷикистон дошт, ки туннели “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз намунаҳои боризи ҳамкории Теҳрон бо Душанбе аст.