Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i25297-Мулоқоти_Эмомалӣ_Раҳмон_бо_вазири_корҳои_хориҷии_ҷумҳурии_исломии_Эрон
​​​​​​​8 ноябри соли 2017 президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дидор намуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2017 17:49 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон

​​​​​​​8 ноябри соли 2017 президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дидор намуд.

Ба иттилои Форс, дар ҷарёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.