Коҳиши 36 ҳазор фурсати шуғлӣ дар Тоҷикистон
Тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 36 ҳазор фурсати шуғлӣ, коҳиш ёфт.
Ба гузориши сойти Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон, коҳиши фурсатҳои шуғлӣ шомили беш аз 12 ҳазору 400 ҷои кори доимӣ, 10 ҳазору 400 ҷои кори муваққат ва беш аз 8 ҳазор ҷои кори мавсимӣ мешавад.
Бар асоси ин гузориш, бештарин коҳиши фурсатҳои шуғлӣ дар бахши кишоварзӣ мушоҳида мешавад, ки наздик ба 13 ҳазор нафар эълом шудааст.
Ҳамчунин мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ба коҳиши фурсати шуғлӣ дар бахшҳои саноати коркард, сохтмонсозӣ ва соири шуғлҳои муртабит бо иқтисод иқдом кардаанд. Аз сӯи дигар беш аз 5 ҳазор фурсати шуғлӣ, ки тавассути бахши хусӯсӣ эҷод шуда буд, барҳам хӯрдааст.
Дар Тоҷикистон ба далели набуди ҷои кор акнун беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир, фаъолият мекунанд.
Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ барои беш аз 74 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар фурсатҳои шуғлӣ эҷод шуда, ки 44 ҳазор ҷои кори ҷадидро дар бахши хусӯсӣ фароҳам кардааст.
Коршиносон иллати умдаи коҳиши фурсатҳои шуғлии Тоҷикистонро идомаи буҳрони иқтисодӣ ва молӣ дар ин кишвар унвон мекунанд, ки ба далели коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, тайи 2 соли ахир бурӯз кардааст.