Касби қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо барои намояндаи Тоҷикистон
Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони ҷавони тоҷик баъди 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов, қаҳрамони самбои ҷаҳон такрор кард ва унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
Ин дар ҳоле аст, ки Беҳрӯз Хоҷазода ва Акмалиддин Каримов, ду гуштингири тоҷик ба даври ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочии Русия роҳ ёфтанд, вале дар ниҳоят Хоҷазода муваффақ шуд, дар Қасри яхини "Айсберг" дар вазни 74 кило соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шавад.
Хоҷазода, ки рӯзи шанбе бо ғалаба бар рақибонаш, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буд, дар рақобати ниҳоӣ бо пирӯзӣ бар паҳлавони Беларус Степан Попов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуд.
Акмалиддин Каримов, намояндаи дигари тими куштии Тоҷикистон дар рақобати ниҳоӣ аз Саян Хертек, куштири Русия шикаст хӯрд ва медали нуқра ба даст овард.
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон (11 ноябр) дар Сочии Русия як тилло, як нуқра ва як бурунз ба даст оварданд.
Пас аз Саидмуъмин Раҳимов, ки дар соли 1975 қаҳрамони самбои ҷаҳон шуда буд, Беҳрӯз Хоҷазода нахустин варзишкоре аст, ки муваффақ шуд пас аз солҳо дар ин ришта, қаҳрамони ҷаҳон шавад.