Август 18, 2016 10:30 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пардохти ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирони тоҷик

Чанд соле аст, ки мавзӯи таъмини ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба баҳси ҷиддӣ, дар равобити ин ду кишвар табдил шудааст.

Ба гузориши сойти Азия плюс, дар ҳоле, ки миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тайи ду даҳаи ахир дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд, то пеш аз ин, Маскав дар ин замина барномае надошт ва Душанбе низ муддаӣ буд, ки барои афроде, ки дар хориҷ кор мекунанд, наметавонад ҳуқуқи бознишастагӣ барқарор кунад.

Аммо ахиран бо пешниҳоди Русия, тарафи Тоҷикистон ба баррасии тарҳи муштараке дар ин замина пардохтааст, ки дар сурати тасвиби ниҳоӣ, ду кишвар заминаи таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ барои 500 ҳазор нафар коргари муҳоҷири тоҷикистониро фароҳам хоҳад кард.

Нуруллоҳ Муҳаммадуллоҳзода муовини Вазири кор, муҳоҷират ва умури иҷтимоии Тоҷикистон ахиран эълом кард, ки матни ин созишнома аз сӯи коршиносони ду кишвар дар дасти баррасӣ аст ва мавозеъи Душанбе ва Маскав дар ин замина ба ҳам наздик аст.

Моёншоҳ Муҳаммадбеков, мудири идораи умури муҳоҷират дар ин вазоратхона гуфт, ин қонқун шомили он идда аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ хоҳад шуд, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият кардаанд ва дорои бимаи таъмини иҷтимоӣ  мебошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз 20 сол фаъолият кардаанд ва бо пардохти молиёт ва ҳаққи бимаи иҷтимоӣ наметавонистанд аз дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ аз ин кишвар бархӯрдор шаванд. Инак интизор меравад, ки бо тасвиби ин тарҳ коргарони муҳоҷири тоҷик дар Руусия, битавонанд ҳуқуқи бознишастагии худро дарёфт кунанд.