Паёми таслияти президенти Тоҷикистон ба давлат ва миллати Эрон
(last modified Mon, 13 Nov 2017 14:48:45 GMT )
Ноябр 13, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти президенти Тоҷикистон ба давлат ва миллати Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, зойеаи ҷон бохтани иддаи зиёде аз мардуми ғарби Эронро дар зилзилаи якшанбе шаб таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин паём омадааст:

“Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии ҷумҳурии исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам”.

Зилзилае бо қудрати 7.3 дар миқёси амвоҷи дарунии замин “рихтер”, соати 21:5 дақиқаи якшанбе 12 ноябр манотиқии васее аз ғарби Эрон ба вижа устонҳои Кирмоншоҳу Курдистон ва ҳамчунин манотиқи шарқии Ироқро ларзонд, ки дар Эрон беш аз 370 кушта ва 6 ҳазор захмӣ барҷой гузошт.