Ноябр 14, 2017 14:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 300 нафар дар марзҳои Тоҷикистон

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол беш аз 300 мутахаллифро дар манотиқи мухталифи марзии кишвар боздошт кардаанд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин муддат 61 амалиёт низ ба манзури ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ дар марзҳо анҷом гирифтааст .

Бар пояи ин гузориш, дар муддати ёдшуда 26 мавриди бархурди мусаллаҳона бо қочоқчиёни мусаллаҳ низ рух дода, ки дар натиҷа 13 нафар аз қочоқчиён кушта ва 19 нафар аз онҳо боздошт шуданд .

Ҳамчунин аз қочоқчиён ҳазору 314 килограмм анвои маводи мухаддир кашфу забт шудааст .

Тоҷикистон бо кишварҳои Афғонистон, Узбакистон, Чин ва Қирғизистон ҳаммарз аст .

Дар ин миён, марзи тоҷику афғон ба далели фаъолияти мафияи байналмилалии маводи мухаддир ва истиқрори гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон осебпазиртар аст .

Тӯли хати марзи Афғонистону Тоҷикистон беш аз ҳазору 400 километр аст .