Ноябр 15, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Зарурати омодагӣ барои муқобила бо ҳамалоти террористҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон бар зарурати омодагӣ барои муқобила бо ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши сайти “Спутник”, Игор Лякин Фролов дар оғози размоиши муштараки низомии нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон, бар эҳтимоли вуҷуди хатари ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод.

 Вай таъкид кардааст, ахиран дар Афғонистон гурӯҳи Толибон ҳамалоти худро шиддат бахшидааст ва гурӯҳи такфирии ДИИШ низ ба ноамнӣ дар наздикии марзҳои шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ доман мезанад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, ҳарчанд эҳтимоли таҷовузи мустақими гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон баид аст, аммо се то чаҳор ҳазор нафар аз аъзои ДИИШ аз Сурия ва манотиқи дигар ба Афғонистон мунтақил шудаанд, ки дар дарозмуддат хатароти ҳамалоти ин ҷангҷӯён ба Тоҷикистон бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

 Ба гуфтаи вай, размоиши муштараки нерӯҳои зудамал ё вокуниши сареи СПАД дар Тоҷикистон ва дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, намоиши қудрати ин созмон дар баробари ҳар хел ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ хоҳад буд.

Размоиши муштараки низомии нерӯҳои вокуниши сареи СПАД рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон ва дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуд.

 Ин размоиш бо ҳузури воҳидҳои заминӣ, ҳавоӣ, зиреҳӣ ва тӯпхонаӣ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба муддати 10 рӯз идома дорад.