Ноябр 15, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз вазъияти раиси боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед-88”

Бастагони Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед-88” аз ташдиди бемории вай дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, Саодат Одиназода, хоҳари раиси боздоштшудаи ширкати “Умед-88” гуфтааст, бародараш қабл аз ин ҳам аз бемориҳое монанди қалб, шуш ва сутунмуҳра ранҷ мебурд ва таҳти дармон қарор дошт.

Ба гуфтаи вай, ҳоли Раҷабалӣ бо интиқол ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ва набуди кумакҳои пизишкӣ рӯ ба вахомат гузоштааст.  

Хонум Одиназода бо ишора ба ин ки мақомоти қазоӣ муҷаввизи мулоқот бо бардорашро намедиҳанд, аз қавли вакили мудофеи вай гуфтааст, бо вуҷуде, ки Раҷабалӣ дар ин авохир ба шиддат аз бемориҳои мухталиф ранҷ мебарад, вале аз кумакҳои дармонӣ бархурдор нест.

Аммо дар бораи вазъи ҷисмонии Раҷабалӣ Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе, ҳеҷ иттилоияи расмӣ аз сӯйи мақомоти қазоии Тоҷикистон мунташир нашудааст.

 Ин дар ҳоле аст, ки хоҳари раиси боздоштшудаи ширкати сӯхтрасони “Умед-88” гуфтааст, тайи як моҳи ахир барои бозпардохти қарзҳои ин ширкат 55 ҳазор сомонӣ ба будҷаи Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи обии “Роғун” ворез шуд.

Хонаводаи Раҷабалӣ Оинаев бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори мусоидат барои озодии вай шуда, гуфтаанд, ки бо ин иқдом заминаи бозпардохти бидеҳии 172 миллион сомонии ин ширкат ба ҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи обии “Роғун” фароҳам хоҳад шуд.

Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон раиси ширкати таъмини сӯхти “Умед-88” - ро ба ҳамроҳи муовин ва чаҳор мақоми масъули ин ширкат боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардонидани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ, аз ҷумла Ҷамъияти саҳҳомии хоси неругоҳи обии “Роғун”-ро ворид кардааст.

Ин афрод пас аз интиқоди шадиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бозпардохт нашудани қарзи ширкати “Умед-88” ба ширкати саҳҳомии хоси нерӯгоҳи обии “Роғун” боздошт шуданд.