Ноябр 20, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тадвини созишномаи дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Вазири кор ва таъмини иҷтимоии Русия, бар зарурати тадвини созишномаи дарёфти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷир, миёни ин кишвар ва Тоҷикистон бар асоси асли тавозун таъкид кард.

Ба гузориши “Спутник”, Максим Топилин гуфтааст, ки ҳангоми тадвини ин созишнома бояд, мурооти тавозун ба унвони асл қароргирад, ки дар ҳоли ҳозир миёни Русия ва Белорус вуҷуд дорад.

Вай таъкид кардааст, ки бояд Русия ба унвони кишвари пардохткунандаи ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар сурати тасвиби созишномаи дуҷониба, ин манобеи молиро ба Тоҷикистон ирсол кунад, ки коргарони бознишаста битавонанд дар кишвари хеш ба ин пулҳо дастрасӣ дошта бошанд. Тарҳи тавофуқи пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, миёни Тоҷикистон ва Русия моҳи августи соли гузашта ниҳоӣ шуда буд ва он замон мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфта буданд, ки коршиносони ду тараф иҷроии ин тарҳро ҳамоҳанг мекунанд.

Муҳоҷирати коргарони тоҷикистонӣ ба Русия тақрибан аз 20 сол пеш оғоз шуд ва ҳамакнун касоне, ки ба сини бознишастагӣ расидаанд, аз ҳеч гуна тазмини иҷтимоӣ ё ҳаққи бознишастагӣ бархӯрдор нестанд. Тибқи тарҳи пешниҳод шуда аз ҷониби Тоҷикистон ба Русия, коргарони муҳоҷире, ки ба таври қонунӣ дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд, бояд ба давлати Русия молиёт пардохт кунанд ва ҳукумати Тоҷикистон низ дар давраи бознишастагии онон, ин маболиғро аз Русия бигирад ва ба ҳисоби коргарони муҳоҷири бознишастааш вориз кунад.

Дар ин тавоқуфнома ҳамчунин пешбинӣ шуда буд, ки сандуқи иҷтимоии Русия, ҳуқуқи бознишастагиро барои коргарони муҳоҷири бознишастаи тоҷикистонӣ таъйин хоҳад кард.

Дар сурати имзои ин созишнома, 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт хоҳанд кард.