Ноябр 21, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Раванди сохти нерӯгоҳи Роғун суръат мегирад

Бонки рушди Авруосиё таъкид кардааст, ки Тоҷикистон акнун бо ҷазби манобеи молии ҷадид метавонад ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро дар соли 2018 ба баҳрабардорӣ расонад.

Ба нақл аз сайти Бонки рушди Авруосиё, коршиносони ин ниҳоди молии минтақаӣ муътақиданд, беҳбуди равобити Тоҷикистон бо Узбакистон ва касби манобеи молии ҷадид аз ҳисоби фурӯши саҳҳоми сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар хориҷ, заминаи ба баҳрабардорӣ расондани ду турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро дар соли 2018 фароҳам месозад .

Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши саҳҳоми молии ин нерӯгоҳ дар хориҷ маблағи 500 миллион доллар ҷазб кардааст, ки ин маблағ имкон медиҳад, раванди сохти нерӯгоҳи Роғун аз суръати бештаре бархурдор шавад .

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натиҷаи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати Италияии Salini Impregilo S.p. A вогузор кард .

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки то поёни соли 2018 ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро ба баҳрабардорӣ бирасонад .

Дар маҷмуъ барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун ба ҷазби се миллиарду 900 миллион доллар сармоя ва 13 сол замон ниёз аст .

Сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯи руди Вахш дар авоили даҳаи 1970 барномарезӣ шуд. Аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳануз ин тарҳ такмил нашудааст .

Нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқӣ-обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд .