Тасодуфҳои маргбор дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон
(last modified 2017-11-21T08:46:58+00:00 )
Ноябр 21, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Тасодуфҳои маргбор дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон

Бар асари ду тасодуфи ронандагӣ дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон ҳафт нафар ҷон бохтанд.

Ба нақл аз торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҳодисаи нахуст бар асари суқути мошини УАЗ-31512 ба даррае дар ноҳияи Балҷувон шаш нафар ҷон бохтанд .

Камсинтарин қурбонии ин ҳодисаи дилхарош, Рамазон Мирзоалӣ, донишомӯзи синфи ҳафтум ва мусинтарини онҳо ронанда Розиқови 57 сола гузориш шудааст .

Иллати тасодуф дар ноҳияи Балҷувон нотавонии ронанда дар контроли мошин унвон шудааст .

Дар ҳодисаи дигар низ дар ноҳияи Ашт ронандаи мошини Опел, Комрон Каримҷонов, зимни зери по гузоштани қавонини роҳнамоии ронандагӣ, шаҳрванд Зокир Уруновро зер гирифт, ки дар натиҷа вай ҷон супурд .

Ҳамасола садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳаводиси ронандагӣ қурбонӣ мешаванд .

Коршиносон ва мақомоти тоҷик иллати аслии ин ҳаводисро риоят накардани қавоиди ронандагӣ ва фарсудагии роҳҳо медонанд .