Ноябр 24, 2017 19:42 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми давлатии Тоҷикистон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир

Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошти як мақоми ҳукумати ин кишварро ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир расонаӣ кард.

Кормандони ин ожонс ба тозагӣ Руслан Шарифов, бозраси аршади шуъбаи тафтишотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба ҷурми ташкили гурӯҳ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Бар асоси ин гузориш, аз ин мақоми баландпояи Вазорати умури дохилӣ ва ҳамдастонаш ҳангоми боздошт беш аз 81 кило маводи мухаддир кашфу забт шудааст. Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Руслан Шарифов ва ду узви дигари гурӯҳи таҳти ҳидояти ӯ парванда ҷиноӣ боз кардааст.

Тоҷикистон ба иллати доштани беш аз 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дар масири қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба Русия, Аврупо ва Амрико қарор дорад.