15 сол зиндон барои латукубкунандаи раиси суди ноҳияи Панҷ
(last modified Sat, 25 Nov 2017 06:24:27 GMT )
Ноябр 25, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • 15 сол зиндон барои латукубкунандаи раиси суди ноҳияи Панҷ

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 24 ноябр сокини ноҳияи Панҷ Диловар Олимовро, ки бо табар ба пешонии раиси суди ин ноҳия Давлатманд Раҳимзода зада буд, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои Ахбор, наздикони Диловар Олимов ин ҳукмро ноодилона меноманд ва мегӯянд, ҳатто барои куштор ин қадар ҳукми сангин намедиҳанд.

Яке аз наздикони Диловар Олимов гуфт: “Касе намегӯяд, ки Диловар гунаҳкор нест. Вале 15 сол барои бо дастаи табар задани раиси суд беш аз ҳад аст”.

Додгоҳи вилояти Хатлон Диловар Олимовро дар “тайёрӣ ба ҷиноят” ва “қасди куштор” гунаҳкор шинохт. Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, судяе, ки парвандаи Диловар Олимовро баррасӣ кард, гуфтааст, ки Олимов ба сабаби онки судя Раҳимзода ӯро ба пардохти алимент ба фарзандонаш аз ҳамсари собиқи ӯ маҳкум кард, даст ба ҷиноят задааст.  

Раиси суди ноҳияи Панҷ Давлатманд Раҳимзода рӯзи 31 августи соли ҷорӣ дар пайи муҳокимаи шикояти ҳамсари собиқи Диловар Олимов қарор баровард, ки ӯ бояд ба ду фарзандаш аз ин зан ҳар моҳ 130 сомонӣ, дар маҷмӯъ 260 сомонӣ алимент пардохт кунад.

Рӯзи 16 ноябр низ Шарофиддин Додов, як сокини дигари ноҳияи Панҷ дар дохили ҳуҷраи кориаш ба судяи суди ин ноҳия Саидаҳмад Зайдуллозода ҳамла кард ва ӯро чанд мушт зад. Зайдуллозода гуфтааст, азбаски вай ҳамсари собиқи Додов ва фарзандони ӯро дар манзилаш маскун кард, Додов аз ин ҳукм норозӣ буд ва ҳангоми гирифтани ҳалнома бо изҳори норозигӣ, дар пайи ҳамлаи лафзӣ аз гиребонаш дошта, чанд мушт задааст.

Додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамеша дар радифи фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар ном бурда мешаванд. Сокинон мегӯянд, бархе судяҳо дар ивази ришва аз адолат чашм мепӯшанд ва боварии мардум ба адолати судӣ дар Тоҷикистон ба ин далел коҳиш ёфтааст.