Ноябр 26, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми Додгоҳи олии Русия барои истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон

Додгоҳи олии Русия бо вуҷуди дархости Шӯрои ҳуқуқи башари Аврупо барои ба Тоҷикистон истирдод накардани Хуршед Одинаев-шаҳрванди ин кишвар, ҳукми интиқоли вай ба кишварашро содир кардааст.

Ба гузориши сойти “Фарғона”, Хуршед Одинаев ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли қабл дар қаламрави вилояти Белгороди Русия ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ боздоштшуда буд, ки ба далели эътирози Шӯрои ҳуқуқи башари Аврупо ба таври пинҳонӣ ба Украина мунтақил гардид.

Аммо вай пас аз муддате аз Украина дубора ба қасди вуруд ба Русия ва рафтан ба назди бастагонаш талош мекунад, ки аз марзи вилояти Брянский вориди ин кишвар шавад, ки аз сӯи марзбонони русӣ боздошт мешавад. Хонум Роза Магомедова, вакили мудофеи Хуршед Одинаев гуфтааст, ки ба далели имкони шиканҷа шудани зерҳимояаш дар Тоҷикстон, Шӯрои ҳуқуқи башари Аврупо аз мақомоти қазоии Русия дархост кард, ки аз истирдоди вай ба кишвараш худдорӣ кунанд. Бо ин ҳол, Додгоҳи олии Русия ҳукми истирдоди вай ба Тоҷикистонро содир карда ва мунтазири баррасии шикояти вакили мудофеи Хуршед Одинаев дар мавриди ғайриқонунӣ будани ин тасмим мебошад.

Ҳамчунин қарор аст, додгоҳи мазкур дар моҳи декабри соли ҷорӣ, мавзуи радди дархости паноҳандагии Хуршед Одинаевро дар Русия, мавриди баррасӣ қарор диҳад.