Шокирҷон Ҳакимов: Афви имсолро наметавон "афви тиллоӣ" гуфт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2596
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик мегӯяд, бо назардошти маҳдудтияҳои зиёде, ки дар тарҳи пешиҳодшудаи Қонуни афв ҷой дорад, наметавон аз он ба унвони “афви тиллоӣ” ном бурд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 18, 2016 20:24 Asia/Dushanbe
  • Шокирҷон Ҳакимов: Афви имсолро наметавон

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик мегӯяд, бо назардошти маҳдудтияҳои зиёде, ки дар тарҳи пешиҳодшудаи Қонуни афв ҷой дорад, наметавон аз он ба унвони “афви тиллоӣ” ном бурд.

Ба гуфтаи профессор Шокирҷон Ҳакимов, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми Тоҷикистон  интизори онро доштанд, ки афроди ҷудогона, аз ҷумла  шахсиятҳои сиёсӣ ва дигарандешони зиндонӣ бахшида мешаванд ва ё машмули қонуни афв гардида  озод мешаванд.

Профессор Ҳакимов дар суҳбат бо “Садои Хуросон” афзуд, ки бо назардошти мушкилоти маҳбусон ва вазъияти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мантиқан дуруст мебуд, агар теъдоди бештари зиндониён таҳти пӯшиши Қонуни афв қарор гирифта, озод мешуданд.  

Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 август  тарҳи Қонуни афвро  ба парлумони ин кишвар  пешниҳод кард. Тибқи иттилоои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст, тарҳи қонуни мазкур рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ  дар нишасти ғайринавбатии  Маҷлиси намояндагони парлумони ин кишвар  баррасӣ  шавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, тибқи арзёбиҳои муқадамотӣ дар сурати тасвиби Қонуни афв дар парлумон қонуни мазкур нисбати беш аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшуда ва зиндонӣ татбиқ мешавад. Аз ҷумла, беш аз 3 ҳазор зиндонӣ озод шуда, 4 ҳазор нафари дигарро, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, афв мекунанд. Дар Тоҷикистон охирин Қонуни афв  ду сол қабл, моҳи октябри соли 2014 дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди тасвиби Қонуни Асосӣ қабул шуд, ки  тибқи он, беш аз 10 ҳазор маҳбус ва афроди гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.