Ноябр 27, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари ду ҳамсинф аз як деҳаи ноҳияи Ашт ба Сурия

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз сафари ду ҳамсинф аз  деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додааст, ки яке вориди ин кишвар шуда ва дигарӣ дар Туркия боздошт гардидааст.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Боймурод Ҷуманов, донишҷӯи яке аз донишгоҳи ҳарбии шаҳри Санкт- Петербурги мебошад, ки бо барқарории иртибот бо мубллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ аз тариқи қаламрави Туркия вориди Сурия шудааст. Аммо Анӯшервон Аҳмадалиев, сокини деҳаи номбурда, ки ҳарду ҳамсинф мебошанд, моҳи августи соли гузашта аз Федератсияи Русия тариқи убури марзи Туркия қасди пайвастан ба ДИИШ кардаанд, аммо Анӯшервон Аҳмадалиев дар Туркия боздошт шуда, Боймурод Ҷуманов худро ба қаламрави Сурия расондааст. Акнун мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ, парванда ҷиноятӣ оғоз карда ононро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Бар асоси гузориш манобеъ, аз деҳаи Хиштхона ҳоло раиси бахши ноҳиявии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ Шавкат Шарипов низ берун аз Тоҷикистон буда, дар кофтуков қарор доштааст. Шавкат Шарипов, ба гуфтаи ин манобеъ, ҳамроҳ бо оила ва модараш дар Австралия қарор доштааст. Аз сӯи дигар моҳи август дар бораи боздошти дастикам 16 нафар аз аъзои собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ашт гузориш шуда буд. Аксари онҳо аз ҷамоати Понғоз, аз ҷумла аз Хиштхона буданд.

Мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Сурия ва Ироқ дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ ҳузур доранд, ки наздик ба 300 тан оз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.