Ҳукми зиндон барои ҷарроҳи машҳури қалб дар Суғд
(last modified 2017-11-28T04:55:34+00:00 )
Ноябр 28, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ҷарроҳи машҳури қалб дар Суғд

Ҷарроҳи машҳур Абдумалик Саломовро бо ҷурми пайравӣ ба ҷарёни Салафия ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии вилояти Суғд, Заринахон Саломова, ҳамсари Абдумалик Саломов гуфтааст, шавҳараш иттиҳоми рабт доштани ӯ ба салафиҳоро беасос ва туҳмат медонад.  

Ҳамсинфи ин ҷарроҳи қалб Илҳом Ғаффоров ва дӯсташ Сайдулло Мирзоев 5-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Абдумалик Саломов рӯзи 19 августи соли равон баъди ширкат дар як маъракаи оши палави ҳамсинфонаш дастгир шуд. Ҳамсинфони Саломов ҳафтае як маротиба дар яке аз чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд чунин маъракаи оши палав ташкил мекарданд ва ба гуфтаи мақомот, гӯё дар ин маъракаҳо ӯ ақидаҳои ҷараёни мамнӯи Салафияро таблиғ мекард.

Абдумалик Саломов 41 сол дорад. Ӯ Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, аз поёни солҳои 90 тақрибан 10 сол дар бемористонҳои маъруфи шаҳри Маскав – Маркази ҷарроҳии қалбу шарёни ба номи Бакулев ва бемористони низомии ба номи Вишневский кор кардааст.

Абдумалик Саломов баъди10 соли кор дар Маскав бо даъвати собиқ раиси вилояти Суғд ба Хуҷанд баргашт ва дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ба кор пардох ва то ба ҳол беш аз 100 амали ҷарроҳии муваффақи қалб анҷом додааст.