Ноябр 29, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Барканории 4 афсари неруи марзбонии Тоҷикистон

Фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, 4 нафар аз афсарони яке аз қисмҳои ин кумитаро ба далели вуқуи гаравгонгирӣ ва кушта шудани як сарбози қаторӣ дар ин ҳодиса, аз симматҳояшон барканор кардааст.

Ба гузориши аз сойти “Tajikta.tj”, Муҳаммадд Улуғхоҷаев, сухангӯи неруи марзбонии Тоҷикистон аз барканории фармондеҳ ва 3 афсари воҳиди мустақар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон хабар дод.

Рӯзи 25 август дар пайи даргирии мусаллаҳонаи 3 соата барои озодии афсаре, ки тавассути Сафарбек Хонови 20 солаи зодаи ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, сарбози қаторӣ дар қисми неруи марзбонии Тоҷикистон мустақар дар ноҳияи Дарвози вилоияти Бадахшон ба гаравгон гирифта шуда буд, гаравгонгир кушта ва гаравгон аз қисми гардан ба шиддат захмӣ шуда буд. Дар он замон мақомоти марзбонии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки музокираи 3 соата бо Сафарбек Хонов барои озодии ин афсар бидуни натиҷа буда ва иқдом ба шиллики гулӯла ба сӯи фармондеҳони ин воҳиди неруи марзбонӣ кардааст , ки дар пайи табодули оташ, гаравгонгир кушта ва афсари гаравгон аз гардан захмӣ шуда ба ба бемористони шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон мунтақил шуд.

Аммо мавзуи муҳим ин аст, ки дар бораи ангезаи даст ба чунин иқдом задани ин сарбози қаторӣ , ки то поёни замони хидматаш 6 моҳ боқӣ монда буд, ҳеч тавзиҳе ироа нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори Созмони эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайри давлатӣ мебошад, дар неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, тайи солҳои 2014 то 2016 беш аз 59 мавриди лату куби сарбозони қаторӣ аз сӯи ҳамқаторонашон ба сабт расида, ки дар пайи ин хушунатҳо 11 сарбоз кушта шудаанд.