Таҷлил аз донишманди барҷастаи қарни 19-и тоҷик
Аз шахсият ва осори илмӣ ва сиёсии донишманди қарни 19-и тоҷик Аҳмади Дониш, таҷлил хоҳад шуд.
Ба гузориши сойти “Ховар”, маросими таҷлили ин донишманди барҷаста ба муносибати 190-умин соли таваллуди вай, дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин муқаррар шудааст, ба хотири ин муносибат дар рӯзи ҳаштуми декабри имсол ҳам як нишасти илмӣ доир шавад.
Аҳмади Дониш, ки қабл аз тасаллути императории Шӯравӣ дар Бухоро мезиста ва дорои фаъолияти илмӣ ва сиёсӣ будааст, пешгоми ҷараёни ислоҳот дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ: «Аҳмади Дониш чун нависанда, таърихнигор, донишманд, хаттоту китоборо, наққош ва мусиқидони соҳиби диди хос аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд.
Ӯ бо таъкид бар зарурати ташкили баҳсҳои илмӣ дар бораи ин шахсияти илмӣ, тасреҳ кардааст, андешаи ин донишманди Тоҷикистон, на фақат дар рушди адаб ва фарҳанги ин кишвар, балки дар шаклгирии равшанфикрӣ ва рӯҳияи ислоҳталабии мардуми Осиёи Марказӣ саҳми арзандае доштааст.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, Аҳмади Дониш бо осори безаволи худ, таърихи афкор иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми ин минтақаро ғанитар кардааст; Бино бар ин ҷомеаи мутамаддини Осиёи Марказӣ, бояд ба шахсият ва мероси гаронмояи иҷтимоии ин мутафаккир бояд беш аз пеш арҷ гузорад.