Ноябр 30, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Нурмуҳаммадзода аз раванди бозпардохти супурдаҳо дар ду бонки Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагон аз раванди бозпардохти супурдаҳои молии ду бонки мушкилдори ин кишвар гузориш дод.

Ба гузориши сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба пурсиши Рустам Қудратов намояндаи парлумон дар бораи раванди бозпардохти супурдаҳои молии ду бонки мушкилдори Содирот ва Сармоягузории кишоварзӣ гуфтааст, ки ин ду ниҳоди молӣ бояд маблағи як миллиарду ва 604 миллион сомонии қарзи худро бо муштарён тасвия кунанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар ду моҳи ахир Бонки Сармоягузории кишоварзӣ 61 миллион сомонӣ ва Бонки Содирот 54 миллион сомонӣ супурдаҳои молии муштариёни худро пардохт кардаанд, аммо Бонки Сармоягузории кишоварзӣ бояд 700 миллион сомонӣ ва Бонки Содирот 904 миллион сомонии қарзи худро ба муштариён пардохт кунанд.

Бо ин ҳол раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар бораи тасвияи қарзи ду бонки варшикастшудаи Фононбонк ва Тоҷпромбонк, ки муҷаввизи фаъолияти ин ду ниҳод аз сӯи Бонки миллӣ бекор шуда, гузорише ироа накардааст.

Низоми бонкии Тоҷикистон аз авохири соли 2016 бо буҳрони шадиди молӣ мувоҷеҳ гардид, ки дар натиҷа чаҳор бонки аслии ин кишвар Содирот, Сармоягузории кишоварзӣ, Фононбонк ва Тоҷпромбонк дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтанд ва баъдан муҷаввизи фаъолият Фононбонк ва Тоҷпромбонк ва 20 муассисаи молӣ ва эътиборӣ бекор гардид.

Дар ҳоли ҳозир ин чаҳор бонк бо мушкили тасвияи ҳисоб бо муштариён худ рӯбарӯ мебошанд.