Декабр 02, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Фаъол шудани торномаи миллии гардишгарӣ дар Тоҷикистон  

Дар Тоҷикистон портал ё даргоҳи миллии гардишгарӣ фаъол шуд.

Ба иттилои Ховар, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода гуфт, даргоҳи миллӣ барои иттилоърасонии дақиқ ва саҳеҳ ба гардишгарони дохиливу хориҷӣ воситаи муҳиме ба шумор меравад.

Баъди муаррифӣ ва ба кор даромадани ин даргоҳ, он ба Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ пешниҳод карда мешавад ва тавассути ин Созмон расман ба 158 кишвари узви комилҳуқуқи Созмон ва 509 анҷуману созмонҳои байналмилалии узви вобастаи СҶГ муаррифӣ карда мешавад.

Даргоҳ ҳамакнун ба се забон барои корбарони интернет дастрас аст.

Дар ин даргоҳ қавонини будубош, дастрас кардани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастию армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим мебошад.

Дар портал айни замон зиёда аз 20 ширкати сайёҳӣ, як қатор осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон ва дигар ҳавасмандон метавонанд мустақиман ба сомонаи ин ширкатҳо ворид шаванд.