Декабр 02, 2017 13:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Машҳад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо донишҷӯёни тоҷики шоғил ба таҳсил дар донишгоҳҳои Машҳад дидору гуфтугӯ кард.

Неъматулло Эмомзода дар ин дидор бо ишора ба дастовардҳои илмӣ ва омӯзишии ӣн донишҷӯён, аз онҳо хост, бо фарогирии донишу ҳирфаҳое, ки дар кишварашон ба он ниёз аст, дар рушду шукӯфоии ватани худ саҳим бошанд .

Дар ин дидор, роҷеъ ба мавзуоте ҳамчун муносиботи Эрону Тоҷикистон, эъломи соли 2017 ба унвони соли ҷавонон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барномаҳо ва роҳбурдҳои миллии Тоҷикистон аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва рушди гардишгарӣ баҳсу табодули назар шуд .

Эмомзода бо ёдоварии дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияти давлати феълӣ, донишҷӯёнро ба ватандӯстӣ ва хидмат ба миллат даъват кард .

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳамчунин дар ин дидор аз донишҷӯёни тоҷик хост, барои густариши равобити омӯзишӣ ва фарҳангии байни ду кишвари форсизабон талош кунанд .